Аз Ҷинпин то Трампу шоҳи Арабистон: Раҳбарони ҷаҳон истиқлоли Тоҷикистонро табрик мегӯянд

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон унвонии раисҷумҳур мерасанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар робита ба солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ аз раҳбарони кишварҳо, созмонҳо ва ходимони барҷастаи дунё ба унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидаанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
“Шурӯъ аз оғози соли равон мо бо Шумо ду маротиба мулоқоти муваффақона анҷом дода, дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Чину Тоҷикистон ба мувофиқаҳои муҳим даст ёфтем ва нақшаи нави тавсеаи муносибатҳои Чину Тоҷикистонро тарҳрезӣ кардем”, - қайд кардааст раҳбари Чин Си Ҷинпин дар номаи табрикотии худ.
Вай илова кардааст, ки Чин омода аст, ки бо талошҳои якҷоя бо Тоҷикистон эътимоди сиёсии мутақобиларо пайваста амиқ гардонида, дастгирии ҳамдигариро идома диҳад ва ҳамбастагии роҳбурдҳои рушди кишварҳоямонро тақвият бахшад, “Як камарбанд, Як роҳ”-ро дар сатҳи сифатан баланд бунёд намуда, ҳамчунин, эҷоди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистонро амиқ ва мушаххас созад.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп дар номаи табрикотии худ қайд кардааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарикии бо Тоҷикистон доштаашро қадр мекунад.
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолият табрик гуфт
Трамп илова кардааст, ки нақши муҳимеро, ки Тоҷикистон дар таҳкими суботи минтақавӣ ва бунёди ояндаи амнтару шукуфон барои ду кишвар мебозад, эътироф менамояд.
“Ҳамроҳ, мо метавонем ба таҳкими заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни миллатҳоямон, аз ҷумла дар соҳаҳои мубориза бо терроризм ва истихроҷи маъданҳои муҳим идома диҳем. Дар ҳоле ки Шумо аз ин рӯзи муҳим ҷашн мегиред, лутфан бидонед, ки мардуми Амрико ва ман бо Шумо дар таҷлили пешрафт ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳамроҳ ҳастем”, - афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Қазоқистон дар паёми худ зикр кардааст, ки Остона ва Душанбе бо такя ба анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҳақиқӣ бунёд кардаанд.
“Итминон дорам, ки кори муштараки мо минбаъд низ ба татбиқи иқтидори бузурги ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард”, - навиштааст Қосим-Ҷомарт Тоқаев.
Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон дар паёми табрикотии худ изҳори боварӣ кардааст, ки риштаҳои чандинасраи дӯстии мардумони ду кишвар минбаъд низ таҳким ёфта, муносибатҳои шарикиии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки ба усулҳои анъанавии ҳамсоягии нек ва дастгриии ҳамдигар асос ёфтаанд, беш аз пеш рушд хоҳанд кард.
Дар рӯзи истиқлолият Маскав бо парчамҳои Тоҷикистон оро дода мешавад
Раисҷумҳури кишвари ҳамсояи дигар – Қирғизистон Содир Ҷабборов ба унвони Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар, ки ба эътимоди ҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати ояндаи дурахшони мардумонамон таҳким хоҳад ёфт.
Ҳамчунин ба унвони Эмомалӣ Раисҷумҳури Тоҷикистон президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён, Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III, Императори Ҷопон Наруҳито, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев номаҳои табрикотӣ ирсол намуданд.