Помири бостонӣ: Дар осорхонаи Вахонӣ кадом нигораҳо маҳфузанд - видео

Деҳаи Ямг дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо расадхона ва осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ машҳур аст
Sputnik
Дар хона-осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ метавон ашёҳои қадимии мардуми Вахонро тамошо кард.
Ин ашёҳо бозгӯкунандаи зиндагии қадимии мардуми Бадахшон мебошад.
Дар ин баробар инҷо китобҳои қадима, асбобҳои мусиқӣ, ашёҳои рӯзгор, сару либоси мардуми Вахон ва дигар ашёҳои қадимии ин мардум маҳфуз мондаанд.
Ҳамарӯза сайёҳон аз гӯшаву канори олам ба ин макон барои дидани ин мавзеъ меоянд.
Расадхона бошад, дар асри XIX дар деҳаи Ямг аз ҷониби Суфи Муборакқадами Вахонӣ сохта шудааст.
Расадхона аз қисматҳои сангин, аз қабили "Чилласанг", "Ҳамалхона", "Дарвоза", ва "Санги офтобӣ" иборат аст.
Зеби тоҷҳои императорӣ ё қиссаи фаромӯшшудаи лаъли Бадахшон
Аз рӯи хулосаи олимон, расадхонаи Ямг яке аз мукаммалтарин расадхонаҳо дар манотиқи кӯҳистони ба ҳисоб меравад.
Чун инҷо то ба ҳол мардум фарорасии ҷашни Наврӯзро тариқи санги Ямг муайян мекунанд.
Ин яке аз анъанаҳои қадимае мебошад, ки то ба ҳол дар ин манотиқ боқӣ мондааст.
Тафсилоти бештарро дар бораи Осорхона дар видеои Sputnik Тоҷикистон бубинед.