Вазорати тандурустӣ гуфт чӣ гуна аз омилҳои коррупсионӣ дар соҳа пешгирӣ мекунад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳадафи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон талош дорад ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдиро дар соҳаи тиб афзоиш диҳад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қайд кард, ки ҳадафи асосии татбиқи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар ҷумҳурӣ мебошад.
Вай дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳангоми пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шаффофияти воридоти маблағҳо зиёд шуда, ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ин иқдом ба осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои мусоидат хоҳад кард.
Генерал Султонзода роҳи бартарафсозии коррупсия дар Тоҷикистонро гуфт
Вазир қайд кард, ки Фармони Президент дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои иҷроиш ба муассисаҳои алоқаманди соҳа ирсол гардидааст.
Ба иттилои вазорати тандурустӣ аҳолӣ айни ҳол 1942 адад воситаҳои пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 874 адад постерминалҳо ва 1068 адад QR-рамзҳо дар 478 муассисаҳо таъмин гардида, хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил гардида истодааст.
Инчунин, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 136 адад постерминалҳо ва 726 адад QR-рамзҳо насб гардидааст.