Пиряхи Якарчаи Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дорад

Маълум шудааст, дар минтақаи ғизогирии пирях, ки бояд ҳар сол захираи барф ва фирн ҷамъ шавад, моҳи август қариб ягон барфи доимӣ боқӣ намондааст, ки нигароникунанда мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Сатҳи пиряхи Якарча, дар баландии зиёда аз 3500 м ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст.
Чунин натиҷа дар паи таҳқиқоти мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ба даст омадааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавд, ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад.
Таҳқиқот аз 22 то 28 августи соли равон гузаронида шуда, зимни он бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизоти муосир корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд.
"Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар баландии зиёда аз 3500 метр сатҳи пирях ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон дар пирях сенсори ҳароратӣ (термистор) дар ҷуқурии то 15 метр насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумоти ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Пиряхи Якарча

Пиряхи Якарча - дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд
Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё, балки чун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунад.
Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, дар мувозинати миқдори онҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.