Тоҷикистон бо як вилояти Русия ҳамкориҳояшро дар заминаи илму маориф тақвият мебахшад

Мақомоти вилояти Томски Русия ба вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳамкориҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо вилояти Томски Русия тақвият хоҳанд ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала дар вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати расмии вилояти Томски Русия таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят баррасӣ шуд.
Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ ба муносибатҳои илмию таълимӣ бо Русия ба ҳайси шарики муҳимми стратегӣ менигарад ва аҳаммияти табодули таҷриба, гузаронидани тадқиқоти муштаракро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва вилояти Томск заминаи мусоид дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад.
Муовини раиси вилояти Томск дар навбати худ изҳор дошт, ки имконоти мавҷудаи вилояти Томск барои густариши робитаҳои мустақим бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд
Вай пешниҳод намуд, ки дар баробари рушди ҳамкориҳо дар самти тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон афзоиш ёбад ва сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар ин дидор тарафҳо масоили густариши робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаи маориф, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқоти илмии муштарак ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, такмили забондонӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик ва дастрасии васеъ ба имкониятҳои платформаҳои таҳсилоти фосилавии Русия дар маркази таваҷҷуҳи минбаъдаи ду кишвар баррасӣ гардид.