ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Эрон қасд дорад ҳамкориҳоро бо Русия ва Чин дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва БРИКС густариш диҳад.
Дар ин бора Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури эрон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия изҳор дошт.
Ба ҷуз аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия, Эрон созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ - ИИАО, СҲШ ва БРИКС -ро платформаи созанда барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, бахусус бо Русия ва Чин медонад. Ин барои муқовимат ба талошҳо барои сохтани ҷаҳони якқутбӣ мусоидат мекунад.
Раисиҷумҳури Эрон афзуд, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани Рашт-Астараи долони ҳамлу нақли байналмилалии Шимол-Ҷанубро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
17 майи соли 2023 миёни Русия ва Эрон созишнома дар бораи сохтмони муштараки масири Рашт-Астара ба имзо расид.
Маскав барои ин тарҳ ба Теҳрон қарзи байниҳукуматӣ ба маблағи 1,3 миллиард евро ихтисос медиҳад, дар ҳоле ки арзиши умумии сохтмон 1,6 миллиард евро арзёбӣ мешавад.
Интизор меравад, хатти Рашт-Астара бо ширкати Маскаву Теҳрон ва хати Астара (шаҳри Эрон)-Астара (шаҳри Озарбойҷон) бо ширкати Маскав, Теҳрон ва Боку бунёд шаванд.