ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон размоишҳои муштараки низомии нерӯҳои посдори Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Бародарони вайроннашаванда-2025" дар назар аст.
Тамринот аз 14 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахробод баргузор мешаванд, гуфт сардори ситоди муштарак Андрей Сердюков.
Бори аввал дар доираи машқҳои посдори сулҳ як тамрини вижа бо ҳайати муштараки муҳофизат ва дастгирии тиббии "Садд-2025" баргузор мешавад.
"Дар нақша гирифта шудааст, ки вазифаҳои рафъи таҳдидҳои биологӣ ба манфиати нерӯҳои дастаҷамъии сулҳпарвар амалӣ карда шаванд", - гуфт Сердюков дар брифинг.
Ҳамин тариқ, муҳим аст, ки марҳилаҳои фаъоли машқҳо дар якҷоягӣ бо марҳилаи ниҳоии тамриноти муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ "Мубориза бо терроризми Иттиҳод-2025" баргузор шаванд.
Ҳамчунин, моҳи сентябр дар Белорус дар тамрингоҳи “Лосвидо” ва “Лепелский” машқҳои муштараки “Муомила-2025”, тамринҳои вижа бо нерӯҳои иктишофӣ ва воситаҳои “Ҷустуҷӯ-2025” ва таъминоти логистикии “Эшелон-2025” баргузор мешаванд.
Даҳаи дуюми моҳи сентябр дар маркази таълимии "Эделвейс" дар қаламрави Қирғизистон тамрини фармондеҳии "Сарҳад-2025" бо воҳидҳои Нерӯҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар рафти тамоми тайёрй пешбинй карда шудааст, ки оид ба масъалахои баланд бардоштани самаранокии истифодаи куввахои коллективй бо чалби мутахассисони тахассуси ташкилотхои базавии таълимй-методй ва илмии СПАД тадкикот гузаронда шавад.
Дар тамринҳои муштараки СПАД имсол беш аз 5 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Дар чорабиниҳо нозирон аз Узбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Чин ва Салиби Сурх ҷамъ мешаванд.