Володин аз коҳиши қабули фарзандони муҳоҷирон ба макотиби Русия гуфт

Қабули фарзандони муҳоҷирон пас аз ба иҷро даромадани қонун дар бораи мамнӯъияти қабули кӯдакони муҳоҷир бидуни донистани забони русӣ ва асноди дахлдор коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар як қатор минтақаҳои Русия қабули фарзандони муҳоҷирон ба таҳсил коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки коҳишёбӣ пас аз эътибор пайдо кардани қонун дар бораи манъи фарогирии фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳо бидуни донистани забони русӣ ва пешниҳоди асноди тасдиқкунандаи қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Русия, рух дод.
"Натиҷаҳои дохилшавӣ ба синфҳои ибтидоӣ ва миёна дар як қатор минтақаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтани шумораи фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсилро нишон медиҳанд", - навиштааст Володин дар канали худ дар Max.
Маълум шуд, чӣ қадар фарзандони муҳоҷирон аз имтиҳони забони русӣ гузаштанд
Ба гуфтаи ӯ, ин ба номукаммалӣ ё ноустувории асноди пешниҳодшуда, аз ҷумла тасдиқ нашудани будубоши қонунӣ дар Русия ва ҳамчунин "натиҷаҳои ғайриқаноатбахши супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ" марбут аст.
Ҳамин тариқ, коҳиши муроҷиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои дохилшавӣ ба мактаб дар минтақаҳои алоҳида чунин аст:
вилояти Нижний Новгород - қариб 10 маротиба,
Воронеж — 7 маротиба,
Калуга аз 91 нафар 55 кӯдак сатҳи кофии донишро тасдиқ карда натавонистанд,
Свердловск — 53 аз 66,
Тула - 32 аз 62,
Ҷумҳурии Коми - 11 аз 14,
Ҷумҳурии Қрим - 4 аз 10,
дар Тотористон ҳар даҳумин кӯдаки бидуни шаҳрвандии Русия аз имтиҳон нагузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрели соли 2025 қонуне эътибор пайдо кард, ки бар асоси он “ба мактабҳо қабул кардани фарзандони муҳоҷирон бидуни донистани забони русӣ ва ҳамчунин санҷиши қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Русия мамнӯъ аст”.
Володин: фарзандони муҳоҷирон бояд ба 90% -и саволҳои санҷишӣ ҷавоби дуруст диҳанд
Илова бар ин, дар моҳи январи соли 2026 низоми табодули автоматии маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷир ва оилаҳои онҳо байни мақомоти маориф ва ВКД ба роҳ монда мешавад.