Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад

Барои роҳандозии ин дарс дар як қатор муассисаҳои таълимӣ аллакай гурӯҳи махсуси корӣ ташкил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар дабистонҳои Душанбе сар аз соли нави хониш ба таълими зеҳни сунъӣ шурӯъ мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маркази таҳлиливу иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт хабар додааст.
Лоиҳаи озмоишӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар чанд муассисаи шаҳр ба роҳ монда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки аллакай як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки он ба мудирони муассисаҳои таълимӣ дар бораи таъсири зеҳни сунъӣ ба баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумот пешниҳод кардааст.
Интизор меравад, ки ин навоварӣ ба рушди қобилияти донишҷӯён, баланд шудани сатҳи дониши техникӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳа дар чорчӯби Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори ҳукумат дар соли 2022 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.
Қатъномаи Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар СММ қабул гардид
Ба гузориши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт, ин иқдом дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон истифодаи зеҳни сунъиро фаъолона тарғиб мекунад.
Ҳамин тавр, дар моҳи март ҷумҳурӣ резолютсия оид ба зеҳни сунъиро ба СММ пешниход кард.
Ҷанбаҳои калидии ташаббус худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва ташаккули фазои умумии танзимро дар бар гирифтааст.