Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд?

Бори дуввум мешавад, ки аз эҳтимоли омадани ситораи футболи ҷаҳон, ҳамлагари бошгоҳи "Ал-Наср" Криштиану Роналду ба Тоҷикистон сухан меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар марҳилаи қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.
Маълум аст, ки Криштину Роналду, футболбози маъруфи партугалӣ дар ҳайати ҳамин тим бозӣ мекунад.
"Истиқлол" дар ин гуруҳ ба ғайр аз "Ал-Наср" боз бо дастаҳои "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.
Қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё
Ин чор даста дар гурӯҳи "D" қарор гирифтанд. Аз рӯи натиҷаҳои ин қуръакашӣ саудиҳо барои бозӣ ба Душанбе меоянд.
Дар ҳамин ҳол, пешгӯӣ мешавад, ки дар ҳайати онҳо Роналду ҳам вориди Тоҷикистон мешавад.
Футболи “дорову фақир”-и Осиё: тимҳои Тоҷикистонро куҷову чӣ интизор аст?
Вале, сафари Криштиану ба Тоҷикистон дар ҳайати даста расман эълон нашудааст ва маълум нест, ӯ ин бор ба Тоҷикистон меояд, ё на.
Чун, соли 2023 низ интизор мерафт, ки Криштиану дар доираи бозии даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи "Истиқлол" рақобат кунад ва ба Душанбе ояд.
Он замон лағви сафари Криштиануро маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, бардошти ҷароҳат дар дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон гуфта буд.