Русияву Тоҷикистон дар Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил медиҳанд

Русия омода аст барои ташкили маркази логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил мекунад.
Ин масъала зимни мулоқоти мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндаи навтаъини тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александ Рибас баррасӣ гардидааст.
Дар ин бора, Агентии содироти Тоҷикистон гузориш додааст.
"Дар мулоқот, масъалаи таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати сохта ва ба истофода додани маркази муштараки мазкур ширкатҳо ва бонкҳои ҳавасманди Русия ҷалб карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар ин мулоқот, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар самти содирот баррасӣ намудаанд.
Русия дар мақоми аввал: Мақомот гуфт маҳсулоти кишоварзии Суғд ба куҷо содирот мешавад
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон барои мусоидат дар дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи иқдоми мазкур изҳори омодагӣ намудааст.
Ҳамзамон дар ин дидор қайд шудааст, ки Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Русия ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
“Роҳи худро пайдо кард" – вазир дар бораи афзоиши содироти ангишт
Аз Тоҷикистон ба Русия аслан меваҳои тару тоза, меваи хушк, пӯст, пахта ва ғайраҳо содирот мешавад.