Тоҷикистону Узбекистон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дурнамои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа байни ду кишварро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд мавзӯъи аслии музокирот ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон буд.
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст, масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов баррасӣ гардид.
Дар ин дидор ҳамчунин ба масъалаҳои рушди кооператсияи саноатӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, таҳкими равобити дӯстона таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.
Илова бар ин, дар мулоқот тарафҳо масъалаи тақвият додани ҳамкории фарҳангию илмӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ карданд.
Миёни Тоҷикистону Узбекистон ду гузаргоҳи нав ифтитоҳ шуд
Ҷонибҳо аз раванди муносибатҳои неки сарони давлатҳо ва амалӣ гардидани созишномаҳо байни ду давлат изҳори хушнудӣ намуданд.
Ба иттилои сафорат ин ҳамкориҳо аз амиқтар кардани шарикӣ дар ҳама соҳаҳо шаҳодат медиҳад.