ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Боҷи давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти ном, сабти муҳоҷират ва иҷозатномаи кор дар Русия аз 1 сентябри соли 2025 тағйир меёбад.
Дар ин бора, узви Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба экспертизаи ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Евгений Машаров ба РИА Новости гуфт.
"Аз 1 сентябр боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла: барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба истиснои иштирокчиёни озмоиши ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ - 500 рубл. Дар айни замон ин хидмат дар Русия ройгон аст", - гуфт Машаров.
Ӯ афзуд, ки акнун барои тамдиди муҳлати иҷозаи кор ва патент 4200 рубл ситонида мешавад, барои додани иҷозатномаҳои такрорӣ барои ҷалби коргарони хориҷӣ бошад, 2100 рубл муқаррар шудааст. Барои ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷӣ 1000 рубл муқаррар шудааст, то кунун ин боҷ - 420 рубл буд.
"Аввалан, ин даромади иловагии андоз ба буҷа аст ва ин иқдомҳо ба воридшавӣ ва шумораи муҳоҷирони корӣ таъсир намерасонанд, баръакс, ба коҳиши ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд. Он нафароне, ки барои кор ба кишвари мо меоянд, тибқи қонунгузории Русия фаъолият мекунанд. Вале, онҳое, ки дар соя кор мекунанд, албатта ин дигаргуниҳоро ҳис хоҳанд кард", — афзуд Машаров.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин боҷҳо дар паи ислоҳи Қонуни федералии № 271-ФЗ аз 31 июли соли 2025 қисми дуюми Кодекси андози Русия ҷорӣ мешаванд. Тағйирот ба моддаи 333.28 Кодекси андози Федератсияи Русия дахл дорад.