ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд сатҳи қонуншиканӣ дар тӯйю маъркаҳо кам шуду худи тӯйҳо каммасраф гардидаанд.
Дар умум давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд, 7 747 маъракаву маросим баргузор шуда, 65.5 млн сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Дар ин бора, зимни нишасти хабарии Идораи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд, гузориш дода шуд.
Бино ба ҳисоботи Идораи мазкур, ба ҳисоби миёна, дар сари дастархони оши наҳор ва туйи домодию арӯсии шаҳрвандон 10,1 ҳаз. сомонӣ маблағ харҷ гардидааст ва ин нишондиҳанда мусбӣ арзёбӣ мегардад.
Тӯйҳои домодию арӯсии камхарҷ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, ва Шаҳристон доир мегардад, гуфтанд дар нишасти хабарӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят, 923 маросими “чил” ва 388 маросими “сол” барпо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 79 адад кам мебошад.
Дар 6 436 адад маъракаи тӯйю домодиву арӯсӣ маблағи хароҷот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёда аз 7 млн сомонӣ кам мебошад.
Инчунин, дар шаш моҳи аввали соли 2025 шаҳрвандон барои гузаронидани 6 436 тӯй - 23 сар чорвои калон ва 1 703 сар чорвои хурд забҳ намуданд.
Сабаби асосии кам гаштани хароҷотро масъулин дар шумораи камтари маъракаҳо медонанд.