ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзудааст, дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Бино ба додаҳои Вазорат, давоми шаш моҳи соли 2025, дар ҷумҳурӣ 13089 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҳолатҳои роҳзанӣ - 20 (2024-11), ғоратгарӣ - 57 (2024-33), таҷовуз ба номус - 24 (2024-17), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64 (2024-61), қаллобӣ - 2356 (2024-1820), дуздӣ - 2182 (2024-2036), тамаъҷӯӣ 33 (2024-20), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 (2024-368) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.
Ва танҳо одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон - 28 (2024-41) ва авбошӣ - 762 (2024-776) дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, кам шудааст.
Бино ба гузориши ВКД, кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра, 72%-ро ташкил додааст. Дар паи ин тафтишот дар кишвар, 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шудаанд.
Ҳамчунин, Вазорат гузориш додааст, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 283 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.