Дар Тоҷикистон 76% кӯдакон бе омодагӣ ба мактаб мераванд

Дар Тоҷикистон танҳо 24%-и кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Аксари кӯдакони Тоҷикистон бе омодагии пешакӣ ба синфи 1-ум қабул мешавад.
Дар ин бора, намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гузориш доданд.
Бино ба иттилои намояндагони ин ниҳод, дар Тоҷикистон 76% кӯдакон бе омодагӣ ба мактаб мераванд.
Маълум шуд, чанд кӯдак дар вилояти Хатлон ба таълим фаро гирифта шудаанд
Ҳамин тавр, ба ҳолати то 1-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ 759 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 121 268 кӯдак ва 3089 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 134 335 нафар фаъолият мекунад.
Фарогиирии кӯдакон дар минтақа чунин аст:
ВМКБ - 28 муассиса (3,7%);
Душанбе - 167 муассиса (22%);
Суғд - 287 муассиса (37,8%);
Хатлон - 177 муассиса (23,3%)
НТМ - 100 муассиса (13,2%).
Инчунин, сатҳи фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак аз ҳама бештар (250%) дар ВМКБ буда, сатҳи пасттарин дар вилояти Хатлон (11,1%) ва ноҳияҳои тобеи марказ (11,8%) мебошад.