ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли равон 1,8%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,9% ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,4% ба амал омад.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ таварруми солона моҳи июни соли равон дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок -5 фоиз ±2 банди фоизӣ қарор дошта, 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва дар асоси "Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат" амалӣ намуд.
Вай таъкид кард, ки зимни амали намудани ин сиёсат рушди босуботи молиявию иқтисодӣ дар кишвар таъмин карда шуд.