Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас расидааст. Ин ниҳод ҳисобот дод, ки чӣ қадар маҳсулот ҷамъ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Давоми моҳҳои январ-майи соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 1,8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосили хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон - 10%,
Қазоқистон - 4%,
Қирғизистон - 3%,
Русия - 1,5%.
Дар баробари ин дар ИИАО истехсоли тухм 4,4%, шир — 1,7% афзудааст.
Чанде пеш Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дода буд, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО дар тӯли 10 сол 25,4% афзоиш ёфтааст.
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО ба 532 млн. доллар расид: Русия шарики асосӣ
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 136 млрд долларро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.