ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Тибқи нақша қарор аст, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе берун аз пойтахт, дар наздикиҳои шаҳри Ҳисор бунёд шавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, макон ва нақшаи сохтмони боғи нави ҳайвонот дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, Боғи ҳайвоноти Душанберо аз маркази шаҳр ба дигар ҷой мебаранд.
Дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, як масъули идораи сохтмонии шаҳри Душанбе гуфт, Боғи ҳайвонотро ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.
“Нақшаи нави Боғи ҳайвонот дар марҳилаи тасдиқ аст. Баъди тасдиқи лоиҳа сохтмони Боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Ин иншоот 5 километр дуртар аз пойтахт ва дар наздикии шаҳри Ҳисор сохта мешавад,”- афзуд масъули идораи сохтмони Душанбе.
Кӯчонидани боғи ҳайвоноти пойтахт мавзӯи нав нест. Масъалаи тахриб ё бозсозии боғи ҳайвонот беш аз 10 сол аст, ки баррасӣ мешавад.
Соли 2018 дар шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикӣ ба минтақаи атрофи бозори “Корвон” кӯчонида мешавад. Вале аввали соли 2020 шаҳрдорӣ дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард ва ин маротиба канори шимолии Душанбе, наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира макони бунёди Боғи нави ҳайвонот интихоб гардида буд.
Бояд қайд кард, ки вазъи Боғи ҳайвонот дар маркази шаҳр солҳост нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
Сокинону меҳмонони пойтахт аз шароити бади ҳайвонот, вазъи ғайрисанитарӣ ва хунукназарии маъмурияти боғ шикоят мекунанд.