ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Аҳолии Тоҷикистон на ба маъмултарин навъи ин маризӣ дар ҷаҳон - саратони шуш, балки бештар ба саратони сина, меъда ва гарданаи бачадон гирифтор мешаванд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ зимни нишасти хабарӣ маълумот ироа кард, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, агар дар ҷаҳон саратони шуш аз маъмултарин навъ бошад, дар Тоҷикистон ин намуди беморӣ танҳо дар ҷои ҳафтум қарор дорад, вале бештар саратони сина ва гарданаи бачадон вомехӯрад.
Аз нишондодҳо ва таҳлилҳои вазорат бармеояд, ки ба бемории саратон дар кишвар бештар бонувон гирифтор шудаанд.
То соли 2024 дар Тоҷикистон 20 ҳазору 675 нафар бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст.
Табибон аз афзоиши гирифторӣ ба бемории саратон дар миёни занон изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, дар як сол омори ошкоршавии саратони сина дар миёни занон то 500 нафар зиёд мешавад.
Ҳамин аст, ки ахиран дар кишвар, Барномаи пешгирӣ ва назорати саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 қабул шуд.
Барномаи навро вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба президент Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон даъват кард, ки сабабу омилҳои гирифторӣ ва пешгирӣ аз бемориро ба мардум фаҳмонанд.
Вале, хабарҳои хушоянд низ ҳаст. Дар Тоҷикистон мизони таваллуд афзоиш ёфта ва фавти кӯдакон кам шудааст.
Тибқи омори ин ниҳод, дар нимаи аввали соли 2025 дар кишвар 120,6 ҳазор кӯдак ба дунё омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8,1 ҳазор бештар аст.
Дар ҳамин давра мизони фавти кӯдакон ба 1000 нафар 11,4 нафарро ташкил дод, дар ҳоле ки дар соли 2024 12 нафарро ташкил дода буд.