ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с то 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллар расид.
Дар ин бора, Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, раванди мазкур идома ёфта, аз 15 июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ бошад, зарфи шаш моҳ 600 ҳазор нафар афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар кишвар 5,1 млн истифодабарандаи интернет аст, ки аз ин шумора 4,9 млн нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 24 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин мегардад.
Бино ба гузориши Исфандиёри Саъдулло, шумораи манораҳои алоқа дар Тоҷикистон дар шаш моҳ панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 811 истгоҳи базавӣ насб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (157 адад) 516% зиёд аст.
Агентӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки барои тавсеаи кори бефосилаи истгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 253,7 километр кабели нахи оптикӣ кашида шудааст.
Баҳри таъмин намудани хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи нерӯи барқ маҳдуд аст харидории аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ амалӣ гардонида шудааст.
Ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 5569 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 2001 адад дизелгенератор ва панели офтобӣ бо иқтидори 16 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дорад ва то охири сол насб ё иваз намудани 1097 аккумуляторҳо ва насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори 1,2 МВт ба нақша гирифта шудаанд.
Шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 млн нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 млн муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 млн муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.