ФБИОМ-2025 дар Душанбе

Коршинос: ИИАО омода аст барои Тоҷикистон роҳҳои судмандро таҳия кунад

Мудири бахши сиёсати саноатии Иттиҳодияи АвруОсиё дар бораи имтиёзҳое, ки дар маҷмӯъ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон метавонанд ба даст оранд, сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - платформа барои рушд додани тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.
Дар ин бора, мудири бахши сиёсати саноатии Иттиҳодияи АвруОсиё Николай Кушнарев дар ҳошияи Форуми якуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Инҳо имкониятҳо барои сармоягузорӣ ба бахшҳои саноатӣ, инфрасохтор, энержӣ, бахши кишоварзӣ, рақамисозӣ ва молия мебошанд", — гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Вай ёдовар шуд, ки озодии рафтуомад миёни кишварҳои узви ИИАО таъмин аст ва ин метавонад барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ як фурсат шавад, ки дар ниҳоят дастрасии онҳоро ҳам ба бозори иттиҳод ва ҳам ба бозори байналмилалӣ фароҳам ва осон намояд.
Кушнарёв афзуд, ки дар ин росто барои соҳибкорони тоҷик имкониятҳо барои ворид шудан ба бозорҳои минтақа тавассути стандартҳои ягона ва расмиёти соддашудаи тиҷорат, рушди долонҳои иқтисодии фаромарзӣ дар чорчӯби лоиҳаҳои муштарак, аз қабили “Як камарбанд – як роҳ” ё “Агроэкспресси АвруОсиё” фароҳам шуда, ҳамчунин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратии байналмилалӣ ба шабакаҳои тиҷоратӣ имкон фароҳам меорад.
Ба эътиқоди ӯ, дар баробари ин ба ширкатҳои АвруОсиё ва Аврупо имкон медиҳад, ки Осиёи Марказиро ҳамчун маркази дастрасӣ ба бозорҳои Шарқу Осиё истифода баранд.
Вазорати иқтисод: Қирғизистон метавонад "дарвозаи тиҷорӣ"-и Тоҷикистон дар ИИАО шавад
Яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҳамгироии ИИАО дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва рушди кооператсияи саноатӣ мебошад.
Иттиҳод омода аст ҳамчун як платформаи муколама амал кунад ва роҳҳои ҳалли ҳам барои Иттиҳоди АвруОсиё ва ҳам барои Тоҷикистон судмандро таҳия намояд, хулоса кард директори департамент.
Савдои чакана дар қаламрави кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.