ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии Омори Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди кишвар 3849 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои Агентӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3323 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки аз ин шумора 1272 адад (33% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 873 адад (22,7%) – ба вилояти Хатлон, 824 адад (21,5%) – ба шаҳри Душанбе, 697 адад (18,1%) – ба НТҶ ва 183 адад (4,7%) – ба ВМКБ рост меоянд.
ҲАмчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 29 миллиарду 617,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24% афзудааст.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 5%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,2%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,9% ба амал омадааст.