Душанбею Тошкандро хатсайри нави ҳавоӣ пайваст

Ширкати узбекистонии "Centrum Air" ба шаҳри Душанбе аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд парвозҳои мустақимро ба роҳ монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тоҷикистону Узбекистонро хатсайри нави ҳавоӣ ба ҳам пайваст. Парвози аввалини ширкати ҳавопаймоии "Centrum Air" дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд рӯзи 19 июл оғоз шуд.
Хатсайри Самарқанд – Душанбе – Самарқанд бошад аз 20 июли соли 2025 оғоз мегардад.
Нархи билет дар хатсайри Тошканд - Душанбе 494 сомонӣ ва Самарқанд - Душанбе аз 460 сомониро ташкил медиҳад.
Парвозҳои мустақим дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешавад, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар самти Самарқанд-Душанбе-Самарқанд бошад, ҳафтае ду маротиба – панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.
Парвозҳои мустақим дар ин хатсайрҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Centrum Air" дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ба роҳ монда мешавад.
Миёни Душанбе ва Абу-Дабӣ парвозҳои иловагӣ боз мешаванд
Ин дар ҳолест, ки пойтахти Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро низ парвозҳои иловагӣ ба ҳам хоҳанд пайваст.
Ин масъаларо аввал сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ карду, пасон созишномаи дахлдор имзо шуд.
Тоҷикистон "осмонро боз мекунад": нархи чипта бояд арзон шавад
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон авохири моҳи июн аз лағви комили паритет ва баробарии ҳатмӣ дар кор байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ хабар дод.
Сиёсати "осмони боз" дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷорӣ шуда, маҳдудиятҳо дар басомади парвозҳо, шумораи ҷойҳо ва нархи чиптаҳоро лағв мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои 18 самт то се сол боқӣ мондаанд - пас аз он онҳо низ аз рӯи қоидаҳои нав фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан коршиносони байнулмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки усули паритет яке аз сабабҳои аслии набуди рақобат ва дар натиҷа гаронии нархи парвозҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеаи аслии рушди гардишгарӣ дар кишвар будааст.