ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз мушкилоти замон ҳушдор дода, масъулинро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.
"Шиддати бесобиқаи равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра — мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад", - гуфт кишвардор.
Дар ин росто, раисиҷумҳур ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дод, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.
"Ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад", - таъкид кард президент.
Ӯ таъкид кард, ки ҳизб ҳамчун неруи пешбаранда нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳоро амалӣ месозад.