"Ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан душвор аст": мусоҳиба бо сармураббии нави "Саразм" Мубин Эргашев

Сармураббии нави тими "Саразм" Мубин Эргашев бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи фаъолият, камбудиҳо ва рушди футболи тоҷик сӯҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Нимаи моҳи июн Мубин Эргашев, яке аз мураббиёни ботаҷриба ва бонуфузи футболи тоҷик, сармураббии нави бошгоҳи футболи "Саразм"-и вилояти Суғд шуд.
Эргашев соли гузашта баъди 5 соли кор аз вазифаи сармураббигии дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) рафт. Аммо, давраи "кофтуков" дер давом накард ва хамагӣ баъди чанд моҳ Эргашев сармурабигии дастаи "Саразм"-ро ба уҳда гирифт, ки ҳоло дар Лигаи 1-уми футбол баромад мекунад.
Дар бораи футболи тоҷик, такмили ихтисос ва умедҳои Мубин Эргашев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон бихонед.

Аз сафар ба Самарқанд то пазируфтани “Саразм”

Лаҳзаи дарёфти пешниҳоди ҳамкорӣ бо дастаи нави футбол, вақти сафар ба шаҳри Самарқанд иттифоқ уфтод.
"Баъди рафтан аз тими ҷавонон (U-23) тасмим гирифтам, ки танаффус гирам ва бекор мондам. Фикр кардам, ки бо қабули ин пешниҳод метавонам дар рушди даста ва умуман футболи тоҷик саҳм гузорам", - нақл кард Эргашев.
Эргашев гуфт, ҳангоми гузаштан аз сарҳад ногаҳон бо чанде аз бозикунони “Саразм” вохурданд ва дар роҳ оиди футбол суҳбат мекарданд. Бе сармураббӣ мондани “Саразм” ҳам барои Эргашев дар ин ҳангом маълум шуд ва аъзоёни тим барояш пешниҳоди ҳамкорӣ карданд.
“Вақти бозгашт аз сафар бозиашонро тамошо кардам. Аён мегардид, ки бачаҳо бо шавқ бозӣ мекунанд ва барои рушди даста дар талошанд. Ман ҳам бо умеди зиёд роҳбарии дастаро пазируфтам” – таъкид кард, Эргашев.
Тайи ҳафтаҳои охир мураббии нав аллакай тавонист вазъи бошгоҳи футболро арзёбӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, даста майдони хуб дорад, бозигаронаш ҳам хуб ҳастанд ва ҳар кадом кӯшиш мекунад, ки дар мавқеъи худ бозии хубу зебо ва ғалабаовар анҷом диҳанд. Ин даста дорои мухлисони зиёд аст, ки ин хеле муҳим аст.
"Бовар накарданд": Хоҷаев сабаби рафтанаш аз тими "Хуҷанд"-ро гуфт
Дар баробари ин ҳама, Эргашев мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳам номбар кард.
Бино ба гуфти сармураббӣ даста то ҳанӯз ба таври бояду шояд инвинтария, монеъаҳои калону майда, туп ва инчунин аз камбуди маводи доруворӣ танқисӣ мекашад.
Набуди духтури даста, ки дар ҳар бозӣ дастаро бо либоси варзишӣ ҳамроҳӣ кунад, яке аз дигар мушкилиҳои ҷойдошта аст, иброз намуд, ӯ ва гуфт, ки ин мушкил танҳо хоси ин даста набуда балки аксаран тимҳое, ки дар Лигаи якум бозӣ мекунанд ин мушкилро доранд.
“Чанд рӯз пеш моро мири шаҳри Панҷакент ба ҳузур пазируфтанд ва зимни мулоқот аз ҷумла ин масъалаҳоро баррасӣ намудем. Раис барои ҳалли ин масъалаҳо масъулинро дастур доданд ва аз мо натиҷаҳои баландро тақозо намуданд” – гуфт, Эргашев.

Кай "Саразм" ба Лигаи олии футбол роҳ меёбад?

Чанд муддат бе сармураббӣ мондани “Саразм” ба ҳолати техникӣ ва ҷисмонии футболбозон дар умум ба мавқеи даста таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст.
Дастаи “Саразм” ҳоло дар ҷадвали мусобиқот байни дастаҳои Лигаи якум дар зинаи 13 - ум қарор дорад. Дар ин лигаи футбол 14 дастаи футбол миёни ҳам рақобат мекунанд.
Бо омадани сармураббии нав, ин даста як бозии хонагии худро бо пирӯзӣ ва се бозии дигарро мусовӣ ҷамбаст намуда дар ҷадвал як зина боло баромадааст.
Аз сармурабии нав пурсидем, ки оё “Саразм” кай ба Лигаи олӣ роҳ хоҳад ёфт?
"Ба Лигаи олӣ баромадан душвор аст, муҳим он аст, ки дар он лига устувор бояд истод. Зеро он ҷо рақобат калон аст” – изҳор намуд, Мубин Эргашев.
Эргашев умедвор аст, ки "Саразм" дар соли оянда ба Лигаи олӣ роҳ меёбад ва устуворона фаъолият мекунад.

10 соли омӯзиш барои дарёфти корти “Pro”

Рӯйхати хизматии Эргашев бой аст - ӯ на танҳо тими ҷавонони Тоҷикистон, балки дастаҳои "Истиқлол", "Барқчӣ", "Локомотив-Помир"-ро низ машқ додааст. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш шогирдонаш қаҳрамони Тоҷикистон, барандагони Ҷоми ҷумҳуриявӣ ва Суперҷоми қаҳрамонӣ шуданд.
Илова бар ин, Мубин Эргашев аввалин мураббии тоҷик аст, ки муҷаввизи УЕФА PRO - баландтарин тахассуси мураббигӣ дар футболи аврупоиро дорад.
Мубин Эргашев сармураббии нави дастаи футболи "Саразм" шуд
Ӯ, қайд кард, ки ҳанӯз соли 2007 омӯзишро дар Мактаби олии мураббиён (ВШТ) и шаҳри Маскав шурӯъ кард. Баъд аз ду соли хатми ин мактаб ба литсензияи дараҷаи В ноил шуд. Баъдан ду соли дигар курси омӯзишро гузашт ва литсензияи дарарҷаи А – ро соҳиб шуд.
"Дар соли 2015 баъди хатми курси иловагӣ дар омӯзишгоҳи Иттиҳодияи футбол шаҳри Москва (РФС) ба гирифтани Литсензияи “Pro” мушарраф гардидам. То расидан ба ин поя ҳудуди даҳ соли умрамро ба омӯзиш гузаронидам” – таъкид кард, Эргашев.

Футболи тоҷик шонс дорад

Ба гуфтаи Эргашев, футбол дар Тоҷикистон ба таври муназзам рушд мекунад. Ӯ марҳалаи нави тараққиётро дар пурзӯр намудани кор ва ҳавасманд гардондани академияҳои футбол мебинад.
Эргашев ҳамчунин гуфт, вале сатҳи бозии дастаҳои футболи занони тоҷик беҳбудӣ металабад, чун дар муқоиса бо дастаҳои муқтадири ҷаҳонӣ аз ҷумла Кореяи шимолӣ, Малайзия ва Фаластин тимҳои занона ақиб мондааст.
“Ин ҳама гувоҳи онанд, ки футбол дар кишвар қадам ба қадам рушд карда истодааст. Дар ин ҷода саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ басо назаррас аст” – таъкид намуд, сармураббӣ ва изҳори умедворӣ кард, ки камбудиҳои ҷойдошта марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо мекунанд ва футболи тоҷик бо суръати баланд рушд хоҳад кард.