Миёни Душанбе ва Абу-Дабӣ парвозҳои иловагӣ боз мешаванд

Парвозҳои иловагӣ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро парвозҳои иловагӣ ба ҳам хоҳанд пайваст.
Ин масъаларо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Тоҷикистон.
"Роҳандозии парвозҳои иловагӣ байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар хабарнома.
Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энержӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Тоҷикистон хостори ба сатҳи нав баровардани равобити тиҷориву сармоягузорӣ бо АМА шуд
Таъкид гардидааст, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин самт нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро муҳим медонанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан миёни БМТ ва Бонки марказии АМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расида буд.