ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд аз рушди иҷтимоию иқтисодӣ давоми шаш моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид, бурду бохти соҳаҳои иқтисод, маориф ва иҷтимоъ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси вилоят.
Нақшаи буҷа ва суръати афзоиш 100%
Дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 18,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8%-ро ташкил дод. Миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шудааст.
Дар ҳудуди вилоят, 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5% таъмин гардид.
Масоҳати кишти зироатҳо 262,8 ҳаз. гектарро ташкил дод. Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёт ба 1,3 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 104% таъмин гардидааст.
Дар ин давра, 215 ҳаз. метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаасту дар соҳаи нақлиёт 23 млн. тонна бор ва 155,5 млн. нафар мусофир кашонида шудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба 10 млрд. сомонӣ расида, содирот 727,2 млн. доллар ва воридот 1,3 млрд. долларро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ 223,8 млн. долларро ташкил дода, суръати афзоиш 115,9 фоиз таъмин шуд.
Нақшаи даромади буҷа 107,5% таъмин гардида, ба буҷа 3,1 млрд. сомонӣ ворид гардидааст. Дар соҳаи маориф 287 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳаз. кӯдак, 962 мактаб бо фарогирии беш аз 578 ҳазор хонанда фаъолият доранд.
Шумораи омӯзгорон 37 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва 293 муассисаи хусусӣ фаъолият мекунанд.
Ин ҳама қонеъкунанда нест
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, имкониятҳои мавҷуда дар аксари бахшҳо то ҳол пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд.
Ӯ ба масъулин супориш дода, ки ҷиҳати афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар семоҳаи оянда аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин Аҳмадзода таъкид кардааст, ки захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои ду сол дар ҳар оила таъмин карда шавад ва зиёдаравиҳо ҳангоми баргузории маъракаҳо пешгирӣ шавад.
Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар беморхонаҳову мактабҳо, инчунин таҳкими оилаҳо низ масъалаҳои мубрам гуфта шуд.
Дар баробари ин, масъулин барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъмиру васеъ намудани роҳҳои мошингард ва иҷрои босифати нақшаҳои андоз ҷалб карда шуданд.
Раиси вилоят гуфтааст, ки дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлол бунёди беш аз 12 ҳаз. иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90%-и нақша иҷро гардидааст.