Дар Хуҷанд чӣ гуна партовҳоро мегуронанд – видео

Партовҳои маишӣ дар Хуҷанд, ки ҳар шабонарӯз даҳҳо тон ҳосил мешавад, то кунун мавриди коркард қарор намегирад
Sputnik
Омехтакунии партоваҳои гуногуннавъ (сахт ва мулоим) гоҳе вақт сабаби сар задани сӯхтор дар саҳни қуттиҳои партов дар роҳу маҳаллаҳои Хуҷанд гардида, ин ҳолат боиси олудагии ҳавои атмосферӣ мешавад.
Ин ҳолат кори масъулони Идораи партовтозакуниро ҳам душвор мегардонад.
Азимҷон Саидов, сардори шуъбаи кор бо аҳолӣ дар корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд гуфт, беш аз 50 адад мошинҳои партовкашон шабонарӯзӣ дар се баст барои саривақт тоза намудани партоваҳои шаҳр амал мекунанд.
“Партовҳои ҷамъшуда дар партовгоҳ гуронида мешаванд. Бо вуҷуди ишораи навъи партов дар қуттиҳои гузошташуда ҳанӯз баъзе сокинон ба онҳо риоят намекунанд ва партовҳоро чӣсахт ва чӣмулоимро омехта мекунанд. Чунин ҳолат кори моро мушкил мегардонад” – гуфт, Саидов.
Ҳоло ҳаққи хизматрасонӣ барои тоза кардани партов ба сари аҳолӣ дар Хуҷанд барои биноҳои ошёнадор ва участкаҳои наздиҳавлигӣ аз 5,3 сомонӣ то 8,7 сомонӣ муқаррар шудааст.
Русия дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мекунад
Зимнан дар ин шаҳр танҳо корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" и Хуҷанд масъулияти тозакунии партовҳоро ба зимадорад.
Қарор буд, дар охири соли 2024 бо фаъол шудани як коргоҳ дар заминаи ҳамин корхона партовҳодар Хуҷанд мавриди коркард қарор дода мешуд. Аммо то кунун чархаи ин коргоҳ ба ҳаракат надаромадааст.
Ин дар ҳолест, ки зимнан дар аксари кишварҳо партовҳо мавриди коркард қарор дода шуда аз ин ҳисоб даромади хуби иқтисодӣ ба даст меоранд.
Масъулони Идораи партовкашонӣ як сабаби коркард нашудани партовҳоро ба омехтагии онҳо рабт медиҳанд.
Бино ба мушоҳидаҳо дар Хуҷанд ҳамарӯза ҳудудии 600 метри мукааб партов ҳосил мешавад.
Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд
Аз сабаби коркард нашудани партовҳо ҳамаи онҳо дар партовгоҳ бо тарзи хокпушкунӣ нобуд карда мешавад.
Фахридин Ҳакимов, директори партовгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, ки баъзе аз масъулони ошхона ва сихкабобхонаҳо хокистари гармро ҳам ба қутиҳои партов мерезанд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал меояд.
“Партовҳо на танҳо коркард намешаванд, балки сар задани сӯхтор аз ҳисоби хокисари оташдор боиси олудагии ҳаво мегардад ва ин ҳолат кори моро дучанд мушкил мегардонад. Хуб мебуд, агар сокинон партовҳоро ба навъ партоянд” - гуфт ӯ.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз партовгоҳи Хуҷанд дидан кард ва ҳолати безараргардонии онро ба навор гирифт.