ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистан дар Русия хабар додааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ доранд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки агар дар ин муддат ҳузури худро қонунӣ накунанд қаламрави Русия ихтиёран тарк намоянд.
Намояндагии вазорат қайд кардааст, ки дар акси ҳол, нисбати муҳоҷирон чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия дар оянда татбиқ мегарданд.
Бояд таъкид кард, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони раисҷумҳури Русия, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.
Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ ба филиали ФГУП "ПВС" ВКД Русия, МБМ "Сахарово"-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Маскав иқомат доранд) ва наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Русия муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати мушкилот пайдо кардан ва дигар суолҳо ба идораҳои намояндагӣ ё мақомоти расмӣ муроҷиат намоянд.