ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муовини аввали раиси Кумитаи Миллатҳои Думаи Давлатии Русия Илдар Гилмутдинов ба созмонҳои ҷамъиятӣ хотиррасон кард, ки қонунҳои муҳоҷиратӣ, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ қабулшудаанд танҳо барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд.
Вакили парлумони Русия дар ҷаласаи шӯрои коршиносони кумитаи дахлдор таъкид кард, ки ин қавонин мушаххас бар зидди ҳеҷ як миллате нест.
"Қонунҳои қабулкардаи Думаи давлатӣ алайҳи ягон миллат нигаронида нашудаанд. Онҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки новобаста аз кадом миллат бошад, дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ бошад", - гуфт вакили парлумони Русия.
Номбурда қайд кард, ки дар ин масъала набояд ба иғвогарон даст дароз кард ва ба масоили байни миллатҳо доман зад.
Ба эътиқоди вакили парлумони Русия, ҳукумат ва Думаро зарур аст, ки сари вақт тасмимҳое бигиранд, ки барои назорати муҳоҷират нигаронида шудаанд.
Бояд гуфт, давоми соли охир дар Русия барои маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор қонунҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.
Русия давоми як соли ахир наздик ба 40 қонуни нави назорат бар муҳоҷиронро қабул кард.