Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад

Замони муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф омодагии ҷиддӣ дида истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон низоми таҳсили 12 - сола ҷорӣ хоҳад шуд, ин масъала дар Вазорати маорифи кишвар баррасӣ гардид.
Вақти муайяни гузариш ба таҳсили 12 - сола феълан маълум нест, вале барои амалӣ намудани он вазорати маориф гурӯҳи байниидоравӣ таъсис доданист.
Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гузариш ба таҳсили 12 - соларо амри зарурӣ хонд ва гуфт ин низоми таҳсил раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад.
"Гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфтааст ӯ зимни ҷаласаи корӣ.
Вазорат нақшаи амалиро бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.
Гурӯҳи корӣ бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад.
Қирғизистон ба таҳсили 12-сола гузашт: Тоҷикистон кай мегузарад
Ёдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.
Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид ва баррасии ин масъала ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуда буд.