ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фардо 11 июл ба вилояти Суғд сафар мекунад.
Дар ин бора, манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.
Ин сафари президенти кишвар корӣ буда, дар рафти он бозкушоии якқатор иншооти ҷашнӣ сурат хоҳад гирифт.
Ёдрас мешавем, ки бори охир кишвардори Тоҷикистон 29 март ба вилояти Суғд сафар карда буд.
Дар доираи он сафар, президент дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ширкат карда, бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонӣ шинос шуду, дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ширкат кард.
Ҳамчунин, дар Суғд вохӯрӣ ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардида, созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.
Баъди вилояти Суғд президенти кишвар аз вилояти Хатлон боздид карду, пасон яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ - Рӯзи Ваҳдатро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашн гирифт.