Сафар ба Теҳрону Ҷидда аз сар гирифта мешавад: нархи чипта чанд аст?

Парвозҳои миёни Душанбею Теҳрон, ки дар паи нооромиҳо дар Эрон мавқуф гузошта шуд, аз 14-уми июли соли 2025 аз сар гирифта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ду парвози мустақими байналмиллалиро барқарор месозад, дар ин бора хадамоти матбоутии ширкат иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тавр, парвозҳо аз 14-уми июл дар хатсайри Душанбе - Теҳрон - Душанбе ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ва аз 20-уми июл дар хатсайри Душанбе - Ҷидда - Душанбе аз сар гирифта мешавад.
Вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе, рӯзҳои душанбе 09:10 ва дар самти баргашт 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе 11:00, аз Теҳрон 13:50 мебошад.
Парвозҳо ба Ҷидда ҳафтае як маротиба дар моҳи июл рӯзҳои якшанбе ва минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 23:00, аз Ҷидда 04:00 муайян шудааст.
Тибқи нархномаи сомонаи ширкат, баҳои чиптаи самти Душанбе - Ҷидда беш аз 4 ҳаз. сомонӣ ва нархи чиптаи самти Душанбе - Теҳрон муодили 1,5 ҳаз. сомонӣ муқаррар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ширкати эронии "Varesh Airlines" низ аз барқарории парвозҳои самти Душанбе-Машҳад-Душанбе хабар дод. Парвозҳо аз 10 июл оғоз шуда, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегирад.
Тоҷикистону Эронро хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад
Бояд гуфт, парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон дар паи даргирӣ миёни Исроил ва ин кишвар мавқуф гузошта шуд.
Айни замон ширкат парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.