ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сайёҳии дохилӣ босуръат рушд кардааст. Аз беш аз 554 ҳазор сайёҳи воридшуда, зиёда аз 508 ҳазорро, гардишгарони дохилӣ ташкил доданд.
Наздики 46 ҳазор сайёҳон аз хориҷи кишвар ба дидани манзараҳои зебои вилоят омадаанд, хабар додааст, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти вилояти Хатлон.
Бар хабари манбаъ, дар умум дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ташрифи сайёҳон ба вилоят ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 933 ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 142 тарабхона, 45 осорхона, 128 чойхона, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 115 зиёратгоҳҳо, 45 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо ҷойгиранд.
Маъруфтарин маконҳои тамошобоби вилоят - Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта танҳо дар зарфи 9 моҳ ба ҷумҳурӣ 1,2 млн шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин миён 1,1 млн -ро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи бештари сайёҳонро шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ташкил дода буданд.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.