ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳри Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Физулии Озарбойҷон фуруд омад.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, президентро дар фурудгоҳ вазири фарҳанги Озарбойҷон, Кэримли Адил ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба ифтихори роҳбари давлат дар майдони фурудгоҳ парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Ҳадаф аз сафари президент ба Озарбойҷон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони иқтисодӣ мебошад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ як сохтори минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.
Ин созмон соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, қароргоҳи котиботи доимии он дар Теҳрон ҷойгир аст.