Тоҷикистон аз оташбас миёни Эрону Исроил истиқбол кард

Эрону Исроил пас аз 12 рӯзи ҳамлаҳо ба қаламрави ҳамдигар оташбас эълон карданд ва бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз ин тасмими онҳо истиқбол кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Давлати Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд", - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Дар идома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон субҳи 24 июн аз тарафи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон шуд. Исроил эълон кард, ки ба пешниҳоди Трамп барои оташбас бо Эрон розӣ шудааст. Эрон гуфт, агар Исроил оташбасро нақз накунад, Эрон ҳам онро вайрон нахоҳад кард.
Коршинос аз хатари осеби таъсисоти ҳастаии Эрон ва таъсири он ба Тоҷикистону минтақа гуфт
Аммо пас аз чанд соати эълони оташбас тарафҳо якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд.

Муноқишаи Исроил ва Эрон

Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Коршинос гуфт, муноқиша дар Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон чӣ таҳдид дорад
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.