ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" самти нави парвози дохили ҷумҳуриро роҳандозӣ кард.
Бар хабари дафтари матбуоти ширкати мазкур, парвозҳо дар масири Душанбе-Ванҷ аз сар гирифта мешаванд.
"Аввалин парвоз дар масири Душанбе-Ванҷ рӯзи 23 июн сурат мегирад", - омадааст дар хабари ширкат.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки нархи чипта 750 сомонӣ буда, вақти парвоз 50 дақиқаро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, парвоз ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа сурат хоҳад гирифт.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 08:00 ва баргашт 09:30 хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, парвоз дар масири Душанбе - Хоруғ аз моҳи сентябр барқарор шуд. Парвозҳо ҳафтае се маротиба анҷом меёбанд. Нархи чипта 900 сомонӣ аст.
Алоқаи ҳавои байни Душанбеву Хоруғ соли 2017 мутаваққиф шуд. Мақомот далели мутаваққиф шудани парвозҳоро ба набудани ҳавопаймо рабт доданд.
Бояд гуфт, соли гузашта ҳавопаймои чехӣ як парвози озмоишӣ аз Душанбе ба ВМКБ анҷом дод ва он замон ҳукумати вилоят гуфт, минбаъд парвозҳо дар ин самт аз сар гирифта мешаванд, вале баъди он дигар ягон парвоз сурат нагирифт.
Қобили зикр аст, ки ширкати мазкур ҳамчунин парвозҳо аз Душанбе самти Ховалинг, Кӯлоб, Рашт ва Панҷакент низ роҳандазӣ кардааст.