Касинский: "Аввалу охири" мошини ҳарбии Олмон дар Брест гузошта шуд

Қушунҳои гитлерӣ дар тамоми Аврупо музаффарона пеш рафтанд ва танҳо дар қалъаи Брест ба муқобилияти ҷиддии худ аввалин шуда дучор омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Беларус ва Русия бояд ҳамаи чораҳоро бинанд, то хотираи таърихии Ҷанги Бузурги Ватаниро нигоҳ доранд.
Дар ин бора Леонид Касинский, ёвари вазири дифоъ дар умури идеологӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи марзбонони шӯравӣ дар қалъаи Брест изҳор дошт, хабар медиҳад Sputnik Беларус.
"Имрӯз, дар остонаи санаи фоҷиабор ва дар айни замон қаҳрамонӣ мо на танҳо маросими ифтитоҳи муҷассамаро баргузор мекунем, балки дар мубориза бо навъҳои мухталифи тақаллубкорони ғарбии ҳақиқати таърихӣ, дар мубориза бо навъҳои мухталифи муаррихони дурӯғин як қадами дигар мегузорем",- гуфт Касинский, ки маҳз дар хоки Брест мошини ҳарбии немис ва ҳамроҳони он аввалин ҷавоби ҷиддии худро гирифтанд.
"Онҳо, ба ибораи дигар, дар тамоми Аврупо роҳпаймоӣ карданд. Ва танҳо дар ин ҷо "оғозу анҷоми" мошини низомии Олмон гузошта шуд", - қайд кард ёвари вазири дифоъи Беларус.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ ёдгорӣ ва хотираҳои зиёде мавҷуданд, ки дар ҳифзу интиқоли ҳақиқати таърихӣ ба ояндагон саҳм доранд.
Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занҳои тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - видео
"Ҳамсояи мо Полша аз ин ҷо дур нест, ки дар он ҷо беш аз 500 ёдгории сарбозони шӯравӣ мавҷуд буд. Имрӯз камтар аз бист ёдгорӣ шояд боқӣ мондаанд... Онҳо ёдгориҳоро хароб мекунанд, ҳақиқати таърихиро вайрон мекунанд, аз бобою бобоёни мо, ки Аврупоро озод кардаанд, ҳатто аз онҳое, ки муҷассамаашон истодааст, метарсанд. Аз ин рӯ мову шумо бояд барои нигоҳ доштани ҳақиқати таърихии худ ҳама корҳоро кунем",- хулоса кард ӯ.
Рузи шанбе дар Брест ҳайкали ёдгории сарҳадбонони шӯравӣ бо тантана кушода шуд. Он дар Русия омода шуда, ба Белоруссия ҳадя шудааст.
Имрӯз 22 июн қатори хотира аз Брест мебарояд ва ба Пинск, баъд ба Гомел, Жлобин, Витебск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Самара, Перм, Вологда, Волгоград сафар мекунад. Поезд 5 июл ба истгоҳи охирини худ — ба вокзали Белоруссии Москва мерасад.