ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Эрон аз мавқеъи Тоҷикистон, ки таҷовузи Исроилро ба хоки Эрон маҳкум кард, изҳори сипос мекунад.
Ин ҳарфҳоро сафири Эрон дар Тоҷикистон, Алиризо Ҳақиқиён зимни як конфронси байналмилалӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ӯ аз ҷумла ба СҲШ ва кишварҳои дигар, ки амалкарди Исроилро маҳкум намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
"Ин беадолатии ошкоро қатъ мешавад ва вокуниши қотеъона ташкил хоҳад шуд, ки барои режими саҳюнистӣ дарси ибрат хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Дар идома ӯ гуфт, ин амали таҷовузкорона нақзи дағалона ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Эрон аст.
"Режими Исроил бо ҳамлаи хашмгин ба Эрон иштибоҳи бузурге кард. Ин режим таҷовузро оғоз кард, аммо Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки таҳаввулоти феълӣ тибқи нақшаҳо ва дархостҳои ин режим, Амрико ва дигар тарафдорони ғарбии он идома ёбад.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар нахустин рӯзи ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон изҳори назар кард ва шадидан амали Исроилро маҳкум кард.
"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эронро маҳкум карда, аз афзоиши ташаннуҷ дар минтақа изҳори нигаронии амиқ мекунад", - омадааст дар баёнияи вазорат.
Дар идома Тоҷикистон аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки худдорӣ ва риояи принсипҳои бунёдии равобити байналмилалиро риоят кунанд.