ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон амалиёти тахрибкоронаи худро идома медиҳанд.
Дар ин бора Алексей Шевтсов, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Қирғизистон ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Вазъият дар Афғонистон хеле нигаронкунанда аст. Фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон омили муҳими нооромкунандаи субот боқӣ мемонад", - гуфт Шевтсов.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ҷиноҳи афғонии ДИИШ* (созмони террористии дар Федератсияи Русия мамнӯъ) - "Вилояти Хуросон"* (ташкилоти террористии мамнӯъ дар Федератсияи Русия) хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи минтақаи масъулияти СПАД дар заминаи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъиро муфассал баррасӣ карданд.
Шевтсов таъкид кард, ки кишварҳои СПАД муваззаф шудаанд, ки тадбирҳои пешгирикунанда, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Барномаи байнидавлатии мақсадноки таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро амалӣ созанд.
"Аз ҷониби Русия аллакай иҷрокунандагон муайян шудаанд - инҳо Хадамоти марзбонии ФСБ ва Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия мебошанд", - афзуд муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Намояндагони кишварҳо ҳамчунин доир ба баргузории машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД "Бародариитахрибнашаванда - 2025" ва машқҳои "Монеъа-2025"-ро баррасӣ карданд.
Онҳо дар моҳи октябр, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи кумита чанд санади ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 ба тасвиб расонданд.