Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти медали биринҷии CAFA 2025 мубориза мебарад

Бозии тоҷикон ва ҳамсолони онҳо аз тими миллии Узбакистон рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медали биринҷии чемпионати CAFA - 2025 мубориза мебарад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷавонони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) ба анҷом расид.
Дар даври ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ шуд.
Дар поёни сабқати гурӯҳӣ тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон яксон - 4 холӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани фарқи тӯбҳо футболбозони Қирғизистон дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб карда, дар даври ниҳоии чемпионати CAFA – 2025 бозӣ хоҳанд кард, рақиби онҳо тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ҷои аввалро касб карда, бар тими Туркманистон пирӯз шудааст, хоҳад буд.
Мубин Эргашев сармураббии нави дастаи футболи "Саразм" шуд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи севум бо тими Узбакистон вомехӯрад.
Ин дидор рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Бозии ниҳоии CAFA Youth Championship - 2025 миёни тимҳои миллии Қирғизистону Эрон рӯзи сешанбеи 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.