Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад

Бонки милии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Бонки танзимгари Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ба тағйирёбии қурби пули миллӣ дар баробари омилҳои дохилӣ, инчунин омилҳои берунӣ таъсири бевосита мерасонанд.
Масъулини Юонки миллӣ мегӯянд, ки омилҳои берунӣ дар навбати худ ба вазъи геосиёсии ҷаҳон, ки ниҳоят мураккаб ва номуайян аст, вобаста буда, дар ҳолати номуайянӣ пешгӯӣ намудани таъсири онҳо ба қурби пули миллӣ нисбатан мушкил мебошад.
“Аз ин рӯ, дар асоси реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда” ва бо назардошти номуайянии вазъи геосиёсии ҷаҳон барои оянда ягон қурби муайяни асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ пешбинӣ нагардида, он дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад”, - қайд намудлааст Бонки миллӣ.
Бонки миллӣ гуфт, чаро доллару евро дар баробари сомонӣ заифу рубл қави шуд
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки новобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштан ва кам кардани таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ба қурби пули миллӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.