Кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум карданд

Автомобили в Тегеране, поврежденные в результате израильских авиаударов по Ирану
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ҳамлаҳои Исроил ӣа хоки Эронро шадидан маҳкум намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Т Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар баёнияе изҳор дошт, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна нигарон ҳастанд ва ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Эронро қотеъона маҳкум мекунанд.
"Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунанд ва ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзи 13 июни соли 2025-ро қотеъона маҳкум мекунанд", — омадааст дар изҳорот дар шабакаи расмии котиботи СҲШ дар Telegram.
Гуфта мешавад, ки "чунин иқдомоти таҷовузкорона алайҳи иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла инфрасохтори энержии ҳастаӣ, ки боиси марги ғайринизомиён гардид, нақзи дағалонаи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҷовуз ба истиқлолияти Эрон аст."
"Онҳо ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд, ки барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддӣ доранд",-афзуд созмон.
Здание МИД Таджикистана
ВУХ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Шаби 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густурдаеро бо номи "Шери боло" оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба мезананд.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва теъдоде аз донишмандони соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд.
Муассисаи ҳастаии Натанз ва пойгоҳҳои низомии Эрон дар шимолу ғарби ин кишвар низ мавриди ҳамла қарор гирифт.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, дар паёме ба шаҳрвандон, ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфт, ки Исроил бо сарнавишти талх ва даҳшатнок рӯбарӯ хоҳад шуд.