Пизишкиён: Эрон ба ҳамлаи давлати Исроил посухи шадид хоҳад дод

Президент исламской республики Иран Масуд Пезешкиян
Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ваъда дод, ки кишвараш ба Исроил посух хоҳад дод ва Тел-Авив аз кори кардаи худ пушаймон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, ҳамлаи Исроил ба Эронро аблаҳона номид ва ваъдаи посух дод.
Дар баёнияе, ки дар сомонаи расмии раисиҷумҳур мунташир шудааст, омадааст: "Албатта, мардум ва мақомоти Эрон дар посух ба ин ҷиноят хомӯш нахоҳанд монд ва посухи қонунӣ ва тавоно хоҳанд дод, ки душман аз иқдоми аблаҳонааш пушаймоншавад".
Пизишкиён ҳамчунин қайд кард, ки Эрон ба ҳамон андоза, ки "барои сулҳу оромӣ дар минтақа талош кардааст" посухи қотеъ хоҳад дод.
Вай ҳамчунин аз эрониҳо даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва "ба маълумоти бардурӯғ ҳамчун ҷузъи ҷанги равонӣ бовар накунанд".
Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густардаеро оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба заданд.
Верховный лидер Ирана Али Хаменеи
Хоманаӣ ба Исроил сарнавишти талху дарднок ваъда дод
Нерӯҳои ҳавоии Исроил дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, чанд мавҷи ҳамла анҷом доданд, ки дар он ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, чанд афсари баландрутбаи низомии Эрон ва теъдоде аз донишмандони ҳастаӣ кушта шудаанд.
Исроил ба иншооти ҳастаии Натанз, зарба зад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёмаш ба шаҳрвандони Эрон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфтааст, ки Исроилро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.