ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон рӯзи 7 июн бо сарвазири Ҷумҳурии Покистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтариматбуоти роҳбари давлат иттилоъ дод.
Бар хабар манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф нахуст ҳамдигарро бо иди саиди Қурбон табрик карданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.
Манбаъ афзуд, президенти Тоҷикистон ба сарвазири Покистон сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ва ба мардуми Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоиро таманно намуд.
Дар идома ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.
Илова бар ин, Раҳмону Шариф алоқаманди ду ҷонибро ба пешбурди ин муносибатҳо дар руҳияи шарикии стратегӣ таъкид карданд.