ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барандаи қаҳрамонии CAFA-2025 гардид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тошканд баргузор шуд.
Дар финали мусобиқаи асосӣ футболбозони то 16-сола бар соҳибони майдон — яккачини Узбекистон бо ҳисоби 3:4 ғалаба ба даст оварданд.
Таҳти роҳбарии мураббӣ Далер Каёсов тоҷикон аз ин мусобиқот дилпурона гузаштанд.
Даста дар ду бозӣ бар тими Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) дар марҳилаи гурӯҳӣ пирӯз шуда, бо ин роҳ ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 31 май баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо тими Узбакистон вохӯрд. Дар аввали дидор бозигарони узбек якбора ду гол заданд, ки дар пайи он мунтахаби Тоҷикистон вазъияти вазнинро дарк карда бо истифода аз тамоми маҳорат натиҷаи вохӯриро бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи худ анҷом дод.
Бояд гуфт, ки тими наврасон таҳти роҳбарии Далер Каёсов барои бори севум ғолиби мусобиқаи CAFA гардид. Қаблан он дар солҳои 2022 ва 2023 дастаро ба пирӯзӣ оварда буд.