ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Маскав Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сафири Тоҷикистон дар Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафараш раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарияти олии Русия дидору мулоқот хоҳад кард.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков президенти Русия Владимир Путин Рустами Эмомалӣ, ки дар ин рӯзҳо дар Маскав қарор дорад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
"Президент қарор аст имрӯз раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро Рустам Эмомалӣ, ки ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе аст ва дар Маскав қарор дорад, ба ҳузур пазирад”, - гуфт ӯ.
Оқи Песков таъкид кард, ки гуфтугӯ Путин ва Рустам Эмомалӣ кӯтоҳ хоҳад буд.
Ҳамчунин раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами эмомалӣ бо раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.