Вазорати дифоъ: Зарбаҳои Русия ба ҳадафҳои низомии Украина ин посух ба ҳамлаҳои паҳподист

Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки ҳадафҳои мушакҳо ва паҳподҳои низомии Русия дар қаламрави Украина танҳо иншоотҳои низомӣ мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Киев ҳамлаҳои паҳподиро ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст ва дар посух ба ин, артиши Русия ба қаламрави Украина танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезананд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия дар як иҳзҳророте таъкид кардааст.
“Киев бо пуштибонӣ аз Аврупо иқдомҳои иғвоангезеро пеш гирифтааст, ки ҳадафаш халалдор кардани раванди гуфтушунид аст”, - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Қайд карда шудааст, ки аз 20 май инҷониб режими Киев шумори ҳамлаҳоро бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои сохти ғарбӣ алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври назаррас афзоиш додааст.
“Ин ҳамлаҳо боиси талафоти ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдакон гардид”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Вазорат таъкид кардааст, ки аз 20 май то 27 май системаҳои падофанди ҳавоӣ 2331 ҳавопаймои бесарнишини ҳамлагар, аз ҷумла 1465 адад берун аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ, нобуд ва ҷилавгирӣ карданд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рафъи сабаби буҳрон: Путин гуфт, натоиҷи амалиёти вижа чӣ бояд бошад
Дар посух, артиши Русия бо силоҳҳои дақиқи ҳавоӣ, дарёӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои маҷмааи низомӣ-саноатии Украина зарбаҳо заданд.
"Артиши Русия дар посух ба ҳама гуна ҳамлаҳои террористӣ ва иғвогариҳои режими Киев зарбаҳои густарда ва гурӯҳӣ анҷом хоҳанд дод. Зарбаҳо танҳо ба иншоотҳои низомӣ ва корхонаҳои низомии Украина анҷом дода мешаванд", - зикр кардааст вазорати дифои Русия.