ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Вазорати мухобироту фанноварии иттилооти ҳукумати сарпарасти Толибон* эълом кард, сарпарасти ин вазорат дар дидории се ҷониба бо вузарои фанноварии Узбекистону Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи фанноварӣ, мухобироту хадамоти пастӣ ба тавофуқ даст ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории садои афғон (ово), Наҷибуллоҳ Ҳаётӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ва фанноварии иттилоот, дар дидории се ҷониба бо вазири фанновариҳои диҷитали Узбекистон ва раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи фанноварӣ, мухобирот ва хадамот пастӣ гуфтугӯ кардааст.

© Foto / IRNA
Дар ин нишасти се ҷониба, се тараф тавофуқ карданд барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаи фанноварии иттилоот, иртиботот ва хадамоти пастӣ, барномарезиҳои дақиқе анҷом диҳанд.
Вазорати мухобироти ҳукумати сарпарасти Толибон* дар Афғонистон эълом кард, ки ин нишаст дар ростои афзоиши таъомули минтақаӣ ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои муштарак дар ҳавзаи фанноварии сурат гирифтааст.
Бар асоси ин гузориш, сарпарасти вазорати мухобирот ва фанноварии иттилооти Толибон* ҳам акнун дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
*- ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.